ДАСТУРИ РАҲНАМО БАРОИ ҶАВОНОН

Ҷамъомаде, ки санаи 27.12.2016 дар толори донишгоҳ бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе Пирзода Фурқат ва устодону донишҷȳён доир гардид, омȳзиши паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар гирифт.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури корию фаъолияти минбаъдаи аҳли устодон, кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ мебошад. Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои макроиқтисоди мушарраф гардида, сол то сол ба дастовардҳои иқтисодӣ ноил шудааст.

Амирбекзода Ҳабибулло дар баромади худ изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бори дигар боварӣ ва эътимоди комил доштани Сарвари давлатро нисбат ба ҷавонони кишвар ифода мекунад. Аз ин рȳ, мо ҷавононро зарур аст, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва амалӣ гардонидани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат кȳшишу ғайрати бештар ба харҷ диҳем.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top