ДАР СОЛИ НАВ НИЗ БОЯД ХУБТАРУ БЕҲТАР КОРУ ФАЪОЛИЯТ НАМУД

15-уми декабри соли ҷорӣ дар толори асосии ДДТТ ҷамъомад доир гардид, ки дар он ҳайати устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ ҳисоботи ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокирро дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 бо мароқи том шуниданд.

Аз ҳисоботи ректори донишгоҳ маълум гашт, ки аҳли илм ва заҳмати донишгоҳ дар соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Тоҷикматлубот ба роҳ монда, дар бобати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд.

Заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва иқтидори кадрии донишгоҳ, - гуфт маърузачӣ,- имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати таълиму тарбия нисбати солҳои қаблӣ беҳтар гардида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шаванд.

Ба ҷумлаи устодони штатии донишгоҳ олимони шинохта, докторҳои илм, профессорон, арбобони илм ва техникаи ҷумҳурӣ ба монанди Маҷидов Ҳ., Ҳабибов С.Ҳ., Исоматов Б.И., Раҷабов Р.К., Ҷабборов А.Ҷ., Тошбоев Ғ.А., Қурбонов Б.Р., Иброҳимов С., Раззоқов Б., ва номзадҳои илм, дотсентҳо бо таҷрибаи чандинсолаи кор дар муассиссаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин олимони ҷавон - хатмкардагони донишгоҳ шомил мебошанд, ки саҳмашон дар пешрафти донишгоҳ беназир аст.

Дар донишгоҳ профессорону омȳзгорон ва кормандони илмӣ, ки бо ҷоизаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мукофотонида шудаанд, фаъолият менамоянд, аз ҷумла, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон 2 нафар; Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар; Корманди шоистаи кооператсияи матлубот 12 нафар; Медали хизмати шоиста 1 нафар; Ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба нашри маводҳои таълимӣ ва илмӣ (Вузовская книга Евразия) 1 нафар; Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 9 нафар.

Боиси хурсандист, ки дар донишгоҳ сол то сол шумораи ихтисосҳои замонавӣ меафзоянд. Донишгоҳ имрȳз аз рȳи 16 ихтисоси замонавӣ, ки 24 зерихтисоси ба талаботи бозори меҳнат заруриро дар бармегирад, мутахассисон ва кормандони илмӣ-омȳзгорӣ тайёр мекунад.

МУФАССАЛТАР

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top