Донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовори стипендияи «Дȳстӣ» гардиданд

Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2016, №2105 «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти стипендияи «Дȳстӣ » ба таълимгирандагони муассисисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.09.2016, №05/5832 барои гирифтани стипендияи «Дȳстӣ» аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 6-нафар донишҷȳёни фаъолу аълохон ва ятиму бепарастор соҳиби стипендия гардиданд, ки он аз ҷониби корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр- Семент» ба миқдори 2000 сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Санаи 17 декабри соли ҷорӣ бо ин донишҷȳён муовини ректор оид ба таълиму тарбия дотсент, Акрамов Ф.М. вохȳрӣ баргузор намуда, эшонро барои сазовор гардидан ба стипендияи «Дȳстӣ» аз номи Раёсати донишгоҳ ва аҳли устодону донишҷȳёни донишгоҳ самимона табрику муборакбод намуд. Дар вохȳрӣ зикр гардид, ки онҳо донишҷȳёни беҳтарини донишгоҳ буда дар оянда низ барои боз ҳам сайқал дондани дониши хеш бояд ҳамеша ҷаҳду кȳшиш намоянд.

Гирандагони стипендияи «Дȳстӣ»

  1.  Қосимова Гулнора Исломовна-донишҷȳи курси 2, ихтисоси кори бонкӣ
  2.  Қосимова Шарифа Шодиевна-донишҷȳи курси 2, ихтисоси молшиносӣ ва муоинаи молҳо
  3.  Озимов Муваҳҳид Аббосовичт-донишҷȳи курси 2, ихтисоси ҳуқуқи байналмиллалӣ
  4. Хушаков Ёдгор Қурбоналиевич - донишҷȳи курси 3, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
  5.  Шодиева Назира Асомуддиновн -донишҷȳи курси 4, ихтисоси молияи ва қарз
  6.  Қурбонова Азиза Авазовна- донишҷȳи курси 4, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top