Мизи мудаввар

9-уми декабри соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Саидалӣ Асоев ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” – и донишгоҳ Шарифзода Мумин Машокир оғоз намуда, дар бораи фаъолияти ҳизб, оинномаю барнома ва нақши бесобиқаи ҳизб дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври мухтасар суханронӣ кард.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Саидалӣ Асоев аҳли толорро ба рȳзи таъсисёбии ин ҳизби воқеан ҳам халқию демократӣ, ки дар пешрафт ва ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад, табрику муборакбод намуда, дар бораи фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам”, ки 741 нафар аъзо дошта, яке аз беҳтарин кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ маҳсуб меёбад, суханҳои неку самимӣ гуфт.

Саидалӣ Мадалиевич, инчунин аз таассуроти сафари ба наздикӣ анҷомдодааш ба шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Оренбург, Орск-и Федератсияи Рассия ва вохȳрӣ бо тоҷикони дар ин кишвар кору таҳсилкардаистода ва дигар тоҷикони муқими ин сарзамин, ки бо хониши хубу аъло, фаъолияти меҳнатӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаашон обрȳю эътибори Тоҷикистони азизамонро боло бардошта истодаанд, ёдовар шуд ва донишҷȳёнро ба хониши хубу аъло, дȳст доштани Ватан, ифтихори миллӣ, мустаҳкамтар гардонидани ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, шомил нагардидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракиии сиёсӣ даъват намуд.

Баъдан аъзоёни ҳизб - донишҷȳён Саъдӣ Додарбеков, донишҷȳӣ курси 4, Шаҳло Тȳраева, донишҷȳи курси 1, Нурмаҳмад Мирзоев, донишҷȳӣ курси 4 ва муаллими калони кафедраи таърих ва филология Фирȳза Сангова суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷавонони хушбахти кишвар дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардонидани Барномаи ҲХДТ кȳшишу ғайрати боз ҳам зиёд ба харҷ медиҳанд.

Дар хотимаи вохȳрӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” – и донишгоҳ Шарифзода Мумин Машокир ба Саидалӣ Асоев барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешбурди корҳои ҳизбӣ Ифтихорномаи донишгоҳ супорида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Саидалӣ Асоев ба як гурȳҳ аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Тоҷири Аҷам” ифтихорнома ва билетҳои ҳизбӣ супорид.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top