Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирии он

2-юми декабри соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 400 нафар устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ вохȳрии кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (РМЗҶМ ВКД ҶТ) дар мавзȳи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм» баргузор гардид.


Вохȳрӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир оғоз ёфт. Мавсуф аз хусуси муҳимияти мавзȳи вохȳрӣ ва нақши он дар пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ба таври мухтасар ҳарф зада, сипас суханро ба сардори РМЗҶМ ВКД ҶТ полковники милитсия Абдуллозода С.С. дод.


Мақсади асосии вохȳрии имрȳза, - гуфт полковник Абдуллозода С.С., баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ мебошад.


Терроризм ва экстремизм падидаи иҷтимоии бисёрҷабҳа буда, пешгирӣ ва решакан намудани он на танҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Доир ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза алайҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро намояндагони дигари РМЗҶМ ВКД ҶТ низ фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, аҳли толор, бахусус ҷавононро ба дȳст доштани ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо, ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна ваъдаҳои болохонадори беасос, даъват намуданд.


Дар хотимаи ҷамъомад ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. меҳмононро бовар кунонд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ин сиёсат ҷаҳду талошҳои зиёд хоҳанд кард.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top