Семинари илмӣ

Бо ташаббуси кафедраи маркетинг ва тиҷорати ДДТТ дар толори конфронсии донишгоҳ 2-юми декабри соли равон семинари илмӣ дар мавзȳи “Рушди босуботи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии проректор оид ба илм, профессор Раҷабов Р.К. оғоз ёфт. Сипас директори ҶДММ – и илмию истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот Салмон Шарипов маърȳзаи пурмазмун намуда, бо далелҳои мушаххас аз саҳм ва нақши Тоҷикматлубот дар рушди кишвари азизамон ёдовар шуд.

Устодони собиқадори кафедраи маркетинг ва тиҷорат н.и.и., дотсент Ҳомитов М.С., н.и.и., Товаров Л.Т., н.и.и., дотсент Ҳакимов А.А. низ андешаҳояшонро дар хусуси рушди кооператсияи матлуботи кишвар баён карданд.

Дар хотимаи семинар донишҷȳёни ихтисоси тиҷорат ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top