Иншои беҳтарин

  Шарифзода Зебогул

Бахши 1, гурȳҳи 240103А

   Мавзȳъ: «Президенти мо-пешвои мост»

 

Омад ба тахти миллат, дар рȳзи сахти миллат,

Ин пешвои омма, асосгузори ваҳдат,

Чашми тоҷик нурафшон, аз сулҳи қалбҳо гашт,

Эмомалӣ Раҳмон, бин, сояи Худо гашт,

Саро зи дил халқам пешвои накȳ дорӣ,

Дар рȳзи нанги миллат, падари пандгȳ дорӣ,

   Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти мо, Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст.

    Ҳанȳз дар иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷандӣ бостонӣ, ȳ ба қатъият изҳор намуда буд: «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила, барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям».

        Маҳз, бо шарофати ҷонбозиҳои ȳ раванди мусолиҳаи миллӣ шурȳъ гардид ва ба маҷрои худ ворид шуд. Сафарҳои Сарвари давлат ба минтақаҳои даргирои кишвар ва мамолики ҳамсоя, ки ба саломат бозгаштани ȳ чандон эътимоду бовари набуд, мулоқотҳои вай бо оммаи васеи халқ, суҳбатҳои фардиву гуруҳиаш бо шахсони алоҳидаи ҷомеа, эътимоди аҳли ҷомеа, ба хусус тарафҳои даргирро ба сиёсати пешрафтаи ȳ то рафт зиёд карда, барои сари мизи музокирот нишастани тарафҳо мусоидат намуд.

       Вале ин ҳанȳз ибтидои кори пурмушаққати Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хусусан Сарвари Олии давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ буд.

      Танҳо 27-уми июни соли 1997, ҳуҷҷати барои тоҷикон ва Тоҷикистониёни муҳимтарин «Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари «Иттиҳодияи мухолифини тоҷик», Саид Абдуллои Нурӣ имзо гардид.

     Аз он рȳзе, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид 19 сол сипарӣ  мешавад. Дар тȳли нуздаҳ сол мардуми сулҳофару бунёдкори мо 27-уми июнро ҳамчун санаи муқаддас, рȳзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд.

Тоҷикистон, зинда бошад миллатат,

Парфишон, поянда сулҳу ваҳдатат.

     Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар таҳкиму густариш бахшидани Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ нақши меҳварӣ дорад.

     Мавриде, ки сухан аз ҳаракати Ваҳдати миллӣ меравад, бемуҳобот пеши назари мо хизматҳои хастанопазири бунёдгȳзори ин ҳаракат ва Асосгузори меъмори сулҳу ваҳдат – пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад.

       Дар он лаҳзаҳои мушкил ҳам мададгору ҳомие меҷȳст, то миллату давлатро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшад. Дар он давраи тақдирсоз зимоми идораи миллатро, ки дар вартаи ҷанг қарор дошт на ҳар кас метавонист ба даст гирад. Танҳо Асосгȳзори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи ҷуръатро бар сари минбар сиёст баровард.

     Шоираи тозаэҷод, дар бунёди кохии назми худ Рудобаи Мукаррам чунин сатрбардори намудааст: 

Ин обу ин замини муқаддас наҷот ёфт,

Зи арбоби ҷамъгашта ба Арбобқасри мо.

Ȳро завол нест чу номи Эмомалӣ,

 Бо офтоби ваҳдати тоҷик асрҳо.

      Ба ҳидоятҳо  Асосгȳзори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саранҷом хираду фитрати неку азалии ин мардум як бори дигар ба тоҷики некусиришта имконият дод, то ки дар гириди мизи ҳамдигарфаҳмӣ қарор гиранд ва аз тафаккури дастнигар гузашта, манфиати миллиро аз манфиати шахсии худ болотару волотар гузоранд.

     Дар бораи рȳйдодҳои музаффариятбахши мардуми тоҷик бо дастгирии Асосгȳзори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо  аз шарофати ваҳдат агар суханронӣ намоем, як шоҳкитоберо мемонад, ки бо саҳифаҳои нотакрори худ барои фардоомадагон чун дастур хизмат хоҳад намуд.

    Хотимасухани худро мехоҳам бо он ибораҳои заррине, ки дар шоҳасари Асосгȳзори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих» омадааст анҷом бахшам  «Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шȳъла бардорем»

      «Вазифаи пуршарафи насли мрȳзаи мардуми Тоҷикистон хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори исиқлолият ва ваҳдати миллии давлаташро мустаҳкам намуда, шоҳроҳи пешрафти халқро ба суйи ояндаи шукуфон боз кунанд. Халқи мо ба гузашти даҳ солаҳову садсолаҳо ин наслро, ки ба мушклоти азим тоб оварда, ватандоронро муттаҳид ва пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатамоноро мустаҳкам  намудааст. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ «ҳадяи бебаҳои таърих» буда, «устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он аз масъулияти наслҳои имрȳза» вобастагии калон дорад. 

        Ва ман ҳамчун як фарди ватандȳст даъват ба амал меоварам,  ки ин суханаҳои заррин бояд сармашқи зиндагии ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ қарор бигиранд.

Бо килки меҳри хеш Худованди меҳрубон,

Бар қалбҳои мо сухани оштӣ навишт,

Дар байни издиҳоми балохезӣ мардумон,

Шоҳболи бахт ёфт, яке марди хушсиришт,

Аз сеҳри нусраташ, бидамид офтоби бахт,

Аз нав чаҳор фасли Ватан навбаҳор шуд,

Қавме, ки тарк кард Ватанро зи чор сȳй,

Чун турна сȳйи маншаи гармӣ қатор шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top