Озмуни "Иншои беҳтарин"

Бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет озмуни "Иншои беҳтарин" дар мавзȳи "Президенти мо – Пешвои мост" гузаронида шуд. Дар озмун 72 нафар донишҷȳён, ки аксарияташонро донишҷȳёни курси 1-ум ташкил медоданд, иштирок намуда, ғолибони он ба таври зайл муайян ва қадрдонӣ карда шуданд:

- Ҳамдамова Маликахон, донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ.

- Муродов Маҳмадшариф, донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ, бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ.

- Шарифзода Зебогул, донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ.

- Тȳраева Шаҳло, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ.

- Ошурова Шабангез, донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофоти пулӣ.

- Сафарзода Манижа, донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофоти пулӣ.

Донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Адибаи Ғоибалӣ ғолиби номинатсияи "Хушнависи беҳтарин" дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Донишҷȳёни зерин: Султонова Маҳварбону, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, Мирбобоева Нафиса, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, Саидов Беҳрȳз, донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва Эгамов Ҳайдаралӣ, донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон бо ифтихорномаи Раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Р. Масъуд

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top