Вохȳрии судманд

22-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохȳрии устодону донишҷȳёни донишгоҳ бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Олимов баргузор гардид, ки он бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир оғоз ёфт.

     Сипас, Давлатзода Зулфия аз хусуси дастовардҳои беназири кишварамон дар даврони истиқлолият ва нақши бориз доштани ҷавонон дар пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар шуда, ҳамзамон бо таассуф иброз дошт, ки бархе аз ҷавонон ба ҷои шукргузорӣ намудан аз сулҳу субот ва оромию осоиштагии кишвар, даст ба амалҳои зишту номатлуб зада, шомили ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстермистӣ мегарданд, ки ин ҳаргиз нобахшиданист.

     Давлатзода Зулфия дар масъалаи оила, бахусус дар бобати никоҳи хешутаборӣ ва афзоиш ёфтани ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби ҷавонон, инчунин аз хусуси тақлидкории қисме аз ҷавондухтарон ҷиҳати ба бар кардани сару либоси ғайр ва ҷонибдорӣ кардани фарҳанги бегона изҳори нигаронӣ намуда, ҷавононро ба дȳст доштани Ватан, ифтихори миллӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ ва донишомȳзию баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию шаҳрвандӣ даъват намуд.

    Дар суханронии Ҷамшед Олимов низ ғояҳои ватандȳстӣ, дȳстию рафоқат, худшиносию ифтихори миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва пайравӣ кардан ба ҷаҳду талошҳои ҷавонони созандаю бунёдкори кишвар, ки хушбахтона, хеле зиёданд, баён гардиданд.

      Дар охири ҷамъомад меҳмонон ба саволҳои аҳли толор посухҳои қаноатбахш доданд.

Ш. Раҷабалӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top