Ғалаба муборак, Гулфина!

Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бахшида ба Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни варзишгарони солҳои таваллудашон 1977-1998 доир гардид.

Дар ин чемпионат донишҷȳи курси 1-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Гулфина Урунова дар вазни 57 кг ширкат варзид. Бояд гуфт, ки дар ин вазн ба ғайр аз ȳ боз 6 нафар варзишгари дигар низ аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок доштанд. Гулфина дар вохȳрии чорякфиналӣ бар ҳарифи бадахшониаш Ҳангома, дар вохȳрии нимфиналӣ бо ҳарифи душанбегиаш Миҷгона дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ȳ дар даври ниҳоӣ низ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҳарифаш, варзишгари суғдӣ Шоҳидаро, ки ба даври финалӣ роҳ ёфта буд, мағлуб намуд ва чемпиони ҷумҳурӣ гардид.

Гулфина барои ғолибияташ дар ин чемпионат, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи дараҷаи 1-ум ва аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top