Семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва таърихии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардидани Парчами давлатӣ мебошад.

Санаи 24 ноябри соли 2016 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо ташабусси кафедраи ҳуқуқи тиҷорат семинарии илмӣ (мизи мудаввар) бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва таърихии парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки декани факултет, устодони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, донишҷӯёни курси 3 ихтисоси 250103- иқтисодиёти ҷаҳон  ва донишҷӯёни курсҳои 3 ихтисосҳои 240101-ҳуқуқи байналмилалӣ ва 240103- ҳуқуқи иқтисодӣ баргузор гардид.

Вобаста ба мавзӯи мазкур мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷорат дотсент Қудратов Некруз Абдунабиевич баромад намуда, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тартиби қабул, истифода ва ҳифзи парчамро ба танзим медароранд: 1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011,  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон аз 11 декабри соли 1999. Ҳамчунин дар бораи ҳар яке аз санадҳои зикршуда ба таври мухтасар маълумот дода шуд. Дар охири маърӯза  қайд карда шуд, ки ҳамаи мо бояд кӯшиш он кунем, ки  меҳри мо ба Парчам, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, тамаддуну фарҳанг ва умуман арзишҳои маънавии миллист, рӯз ба рӯз хубтару беҳтар намудор гардад.

Инчунин, дар семинарии мазкур муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Ҷабборов Фарҳод Нозимович вобаста ба мавзӯи «Таърихи парчамдории тоҷикон» баромад намуд. Дар баромади худ Ҷабборов Ф. Н. дар бораи ҳамаи парчамҳои тоҷикон аз замони Ҳахоманишиҳо то ба имрӯз маълумот дод.

        Дар охири семинар декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ дотсент Шаропов Фарҳод Розиқович ҳамаро бори дигар ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи эҳтиром ба Парчам, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 24 ноябрро ҳамчун  Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудан,   маълумот дод, ҳамзамон ба донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои 240101–ҳуқуқи байналмилалӣ ва 240103 – ҳуқуқи иҷтисодӣ  ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравиро супорид. 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top