Таҷлили Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бахшида ба Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо баргузор гардид, ки дар он донишҷȳён ва устодони факултет фаъолона ширкат варзиданд.

Санаи 15.11.2016 декани факултет н.и.и., дотсент Шаропов Ф.Р., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Туйчиқулов З.Ҷ. ва 30 донишҷȳёни курси 2-юми гурȳҳи 250103-А ва дигар донишҷȳёни фаъоли факултет  ба Китобхонаи миллӣ сафарбар гардиданд ва бо намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.

Санаи 15.11.2016 дар синфхонаи № 3-и бинои таълимии №7 дар байни донишҷȳёни факултет озмуни иншои беҳтарин дар мавзȳи “Президенти мо-Пешвои мост” гузаронида шуд, ки 54 нафар донишҷȳ оид ба фидокориҳои Пешвои миллат ҷиҳати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардощтани худшиносии миллӣ ва рушди устоври иқтисодӣ фикру андешаҳои хешро навиштанд ва муаллифони 10 иншои беҳтарин барои қадрдонӣ ба раёсати донишгоҳ пешниҳод гаштанд.

 

Санаи 16.11.2016 донишҷȳёни курсҳои аввали факултет бо роҳбарии декани факултет дотсент Шаропов Ф.Р., муовини декан оид ба тарбия Рустамов Ф.М., дотсенти кафедраи назарияи иқтисод Туйчиқулов З.Ҷ., муаллими кафедраи назарияи иқтисод Зафарҷони Р., ассисенти кафедраи назарияи иқтисод Султонбии Р., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Абдуллоев Ф., ассисенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Маҳкамов Ш., муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Алиев С.  аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд ва бо таърихи бойу дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон бо роҳбарии Пешвои миллат шинос шуданд.

Санаи 16.11.2016 бо роҳбарии декани факултет дотсент Шаропов Ф.Р., дотсенти кафедраи назарияи иқтисод Туйчиқулов З.Ҷ. 20 нафар донишҷȳёни курси 4-ум дар тамоши намоини театрии Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов иштирок намуданд.

Санаи 16.11.2016 донишҷȳёни курсҳои 2-юми ихтисоси 250103-А ва бо роҳбарии муовини декан оид ба тарбия Рустамов Ф.М., муаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Давлатов Н. ба амфитеатри пойтахт барои тамошо намудани консерти идона бахшида ба Рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин аксари донишҷȳёни факултет бо роҳбарии сарпарастони гурȳҳҳои таълимӣ аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар китобҳои донишгоҳ баргузор гардид, дидан карданд.

Санаҳои 12.11.2016 то 16.11.2016 донишҷȳёни факултет дар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, тениси рȳи миз ва шоҳмот байни донишҷȳёни донишгоҳ бахшида ба рȳзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷȳёни курсҳои аввали факултет аз рȳи намуди футболи хурд барои гирифтани ҷойи 2-юм ва донишҷȳи курси 4-уми ихтисоси 240101 Шомусаламов Иброҳим аз намуди шоҳмот барои гирифтани ҷойи 2-юм  сазовор  гардиданд. 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top