Баргузории олимпиада аз фанни ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 ноябри соли 2016 бо ташабусси кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ  бо иштироки 60 нафар донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат ва забонҳои хориҷӣ  доктори илмҳои ҳуқуқ Раззоқов Баҳодур Ҳаётович яке аз китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» - ҳамчун дурнамои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ ва шарҳ дод.

Санаи 17 ноябри соли 2016 бо ташабусси кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ олимпиадаи умумидонишгоҳӣ аз фанни ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар олимпиада 45 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар олимпиада Назарова Мижгона донишҷӯи курси 4 ихтисоси 240101 сазовори ҷойи 1, Мираҳмадов Шарифхон донишҷӯи курси 3 ихтисоси 240101 сазовори ҷойи 2 ва Ибодидинова Малика донишҷӯи курси 4 ихтисоси 240101 сазовори ҷойи 3 гардиданд. Ба 5 нафар донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top