Аз Пешвои миллат ифтихор мекунем

Имрȳз мардуми шарафманди Тоҷикистон меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди хешро нисбат ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаву созандаашон бо камоли қаноатмандиву иродат иброз медоранд, шукри даврони озодиву истиқлолият мекунанд ва аз дастовардҳои таърихии кишвар ва ободию шукуфоии диёрамон, ки ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ имконпазир гардидаст, басо меболанду мефахранд.

Ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ аз Сарвари оқилу хирадманд ва дурандеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саҳмашон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмидадӣ беназир аст, ифтихор мекунанд.

Ба муносибати таҷлили “Рȳзи Президент”  дар донишгоҳ тайи як ҳафта, аниқтараш аз 10-ум то 16-уми ноябри соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ, ки раёсати донишгоҳ ба нақша гирифта буд, дар сатҳи баланд доир гардиданд.

Аз ҷумла, рȳзи 11-уми ноябр дар толори асосии донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзȳи “Президенти мо - Пешвои мост!” баргузор шуд, ки дар он дар баробари устодону донишҷȳён намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева иштирок дошт ва зимни сȳханронӣ чун дигар маърȳзачиёну музокирачиён аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи кишвар, мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият, ки бевосита ба тавассути ҷаҳду талош, фаъолияти пурсамар ва роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат ба даст омадаанд, ёдовар шуд.

Инчунин рȳзҳои 15-ум ва 16-уми ноябр дар китобхонаи донишгоҳ намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он донишҷȳён ва хонандагони литсейи донишгоҳ бо мазмуну муҳтавои асарҳои воқеан ҳам муфиди Сарвари давлат ошноӣ пайдо карданд.

Тайи ин ду рȳз аз ҷониби устодону профессорони донишгоҳ мавзȳъҳои тавсиявии курс-лексияҳо ҷиҳати муаррифии китобҳои Пешвои миллат, Перзиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷȳёни факултаҳои гуногуни донишгоҳ гузаронида шуданд.

Чунончӣ, ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир доир ба асари Пешвои миллат “Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ” ҳамчун тарҳи таҳкими истиқлолият ва худшиносии миллӣ;  профессор Раҷаб Раҷабов дар мавзȳи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълифоти эшон”; профессор Нȳъмонҷон Ғаффоров “Тоҷикон дар оинаи таърих”- и Пешвои миллат ҳамчун таҳқиқи нав дар таърихнигории муосири миллат; дотсент Додарбек Хуморов дар мавзȳи Андешаҳои ҷавҳарии асари Пешвои миллат “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”; доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Баҳодур Раззоқов “Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин”- и Пешвои миллат ҳамчун дурнамои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол; доктори илмҳои таърих Баҳром Қурбонов дар мавзȳи “Таълифоти Пешвои миллат оид ба рȳзгор ва осори абармардони шеъру адаб ва илму ҳунари тоҷик”; дотсент Бойалӣ Ҳусейнов дар мавзȳи “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат”; муовини декани шуъбаи омȳзиши ғоибона Сиёвуш Наботов дар мавзȳи “Пешвои миллат дар таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон” маърȳзаҳои пурмазмун намуда, бо далелҳои мушаххас аз хусуси хизматҳои барҷастаи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи  25 соли истиқлолият ва дастовардҳои беназири соҳибистиқлолӣ, инчунин тавассути ташаббусҳои наҷиби аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявию минтақавӣ, балки умумиҷаҳонидоштаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин васила дар арсаи байналмилалӣ обрȳю эътибори зиёд пайдо намудани Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар шуданд.

Рȳзи 16-уми ноябр бошад, мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, тенниси рȳи миз, волейбол, бадминтон, футболи хурд, ки тайи як ҳафта (аз 10-ум то 16-уми ноябр)  идома доштанд, ҷамъбаст гардиданд ва ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top