Мизи мудаввар дар мавзȳи “Президенти мо Пешвои мост»

11-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рȳзи Президент мизи мудаввар дар мавзȳи «Президенти мо Пешвои мост» баргузор гардид. 

 

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир суханронӣ карда, ба таври мухтасар аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи кишвар, мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол, рушду нумȳъ кардану дар арсаи байналмилалӣ обрȳю нуфузи бештар пайдо намудани Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар шуд.

 Сипас намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева дар хусуси азму талош ва корнамоиҳои бемисли фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрȳз аз ҷониби 125 давлати дунё шинохта шуда, таҳти сарварии Президенти маҳбуби кишварамон, Эмомалӣ Раҳмон бемайлон рушд ёфта истодааст, ҳарф зада, ҳамзамон аз хусуси афзоиш ёфтани шумораи бекор кардани ақди никоҳ дар байни ҷавонписарону ҷавондухтарон, даст задан ба амалҳои номатлуб аз қабили нашъамандӣ, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гардидани қисме аз ҷавонон, рȳ овардани бархе аз онҳо ба фарҳанги бегона ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ карда, ҷавононро ба дȳст доштани ватани азизамон, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, ки воқеан тамоми шароитҳоро барои таҳсил ва кору зиндагӣ фароҳам овардааст, даъват намуд.

 Маърȳзаҳои пурмазмуни муовини декани шуъбаи омȳзиши ғоибона Сиёвуш Наботов дар мавзȳи «Ниҳоди президентӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ», мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот БойалӣҲусейнов дар мавзȳи «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат», донишҷȳи курси 4 –уми  ихтисоси 250103 Нурмаҳмад Мирзоев ва донишҷȳи курси 3-юми   ҳамин ихтисос Мадина Дилоева дар бораи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷȳи курси 3 –юми ихтисоси 250104 Фарида Алимардонова «Садоқат ба Ватан – садоқат ба Президент», донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 250103  Шаҳло Тȳраева дар мавзȳи «Эмомалӣ Раҳмон – арҷгузори фарҳанги тоҷикон», ки ҷанбаҳои фаъолият ва ташаббусҳои наҷибу корнамоиҳои шоистаи таҳсини Президенти кишвар, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирифтанд, мақбули аҳли толор гардида ба онҳо ғизои маънавӣ бахшиданд.

Баъди ба охир расидани маърȳзаҳо мудири шуъбаи аспирантура ва докторантура, доктори илмҳои таърих, профессор  Нȳъмонҷон Ғаффоров, декани факултети МИБ ва ҳуқуқ, дотсент Фарҳод Шаропов, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Абдуҳалим Ҳомидов ба музокира баромада, андешаҳояшонро роҷеъ ба саҳми арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баён намуда, иброз доштанд, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ȳро мардуми Тоҷикистон кайҳо Пешвои миллат хонда буданд ва парлумони кишвар охирҳои соли 2015 онро ба расмият даровард, воқеан ҳам шахсияти нотакрор ва Пешвои ҳақиқии миллат аст.

Мизи мудавварро ректори донишгоҳ ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи ДДТТ бениҳоят калон аст. Маҳз ташрифи Ҷаноби Олӣ ба донишгоҳ (сентябри соли 2009) ва дар ҳамин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ȳ эълон гардидани соли 2010 ҳамчун «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» имкон фароҳам овард, ки на танҳо ДДТТ, балки соҳаи маорифи кишвар хеле рушд кунад ва дастовардҳои беназирро соҳиб гардад. Яъне қадами мубораки Президент ба куҷое, ки расад, аз шарофат ва файзу баракати қадамашон он ҷо боз ҳам ободтару зеботар гардида, корхонаву муассисаҳои гуногуни таълимиву фарҳангӣ ва ғайра арзи ҳастӣ намуда, ба ин васила даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ҷумла, - суханашро идома дода гуфт ректор,- бинои нави таълимӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавии муосири таълим муҷаҳҳаз гардонида шуда буд, дар рȳзи ташрифи Ҷаноби Олӣ ба донишгоҳ ифтитоҳ ёфт.

 Шарифзода Мумин Машокир дар охири суханаш ба меҳмонон ва кулли иштирокчиён барои ширкаташон дар ин чорабинӣ изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки чорабиниҳо ба ифтихори Рȳзи Президент чанд рȳзи дигар дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ идома хоҳанд ёфт.

Ш.Раҷабалӣ

  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top