Вохӯрӣ бо шоирон

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо шоири эронитабори шаҳри Сан-Франсискои ИМА Масъуди Сипанд ва шоири ширинкалом Фурӯзонфар ва меҳмони эронӣ аз шаҳри Машҳади ин кишвар баргузор гардид.

       Вохӯриро проректори донишгоҳ оид ба илм, профессор Раҷабов Р.К. ифтитоҳ намуда, доир намудани чорабиниҳои илмию фарҳангиро дар ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён ва рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар нек арзёбӣ кард ва бо камоли эҳтиром суханро ба шоир Масъуди Сипанд дод. Масъуди Сипанд нахуст иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи 25 соли истиқлолияти давлатии худ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илму фарҳанг дастовардҳои беназирро соҳиб гардида, обрӯю нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид. Сипас ӯ андешаҳояшро дар хусуси таърихи пайдоиши шеър, сабку услубҳои он, аз ҷумла сабки хуросонию ҳиндӣ баён намуда, аз ашъори хеш шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаи худро қироат намуд.

           Шоир Фурузонфар низ андешаҳояшро дар атрофи шеъри ноби тоҷикӣ баён намуда, доир ба ҳусну қубҳи он суханронӣ намуд.

         Баъдан чанде аз донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар баробари таҳсил ба шеъру шоирӣ низ завқу шавқи зиёд доранд, шеърҳои навқаламонаи худро қироат намуданд.

Р. Шариф

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top