Вохурӣ бо иҷрокунандаи директори Маркази бозори озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ директори Маркази бозори озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Тимуров дар мавзȳи “Дастрасӣ ба Тоҷикистон ва чигуна ҷалб намудани диққати сайёҳони хориҷӣ” бо донишҷȳёни бахши 3-юми факултаи Иқтисодиёт ва менеҷмент дарси амаливу назариявӣ гузаронд. Дар рафти гузаронидани дарс, донишҷȳён имконият доштанд, ки дар бораи усулҳои ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Дар интиҳои ҷамомади мазкур донишҷȳён ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top