Мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи озод

         Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 3-юмин мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод (байни ҷавонони синну соли 1999 то 2003) бахшида ба ёдбуди Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида Қувват Холов баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз донишҷӯи курси аввали ихтисоси 26.02.01 - бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат Саъдуллоев Айниддин Раҷабалиевич дар вазни 69 кг. ҷойи якумро ишғол намуд.

     Раёсати донишгоҳ, иттифоқи касаба ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ чемпиони чандинкаратаи шаҳрию ҷумҳуриявӣ байни наврасон, номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Саъдуллоевро, ки таҳти роҳбарии устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Муҳаммад Шукуров машқ мекунад, бо ин ғалабаи варзишиаш шодбош гуфта, барояш фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари варзишро таманно доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top