Вохȳрӣ бо ректори донишгоҳ

Чанде пеш дар ДДТТ вохурии ректори донишгоҳ Шарифзода Мумин Машокир бо донишҷȳёни соли аввали таҳсил баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба таълим ва тарбия Акрамов Ф.М., декани факултети МИБ ва ҳуқуқ, дотсент Шаропов Ф.Р. ва эдвайзерони гурȳҳи таълимӣ иштирок доштанд.

Вохурӣ бо сухани ифтитоҳии Акрамов Файзалӣ Маҳрамович оғоз ёфт. Сипас ректори донишгоҳ бори дигар ҳамаи донишҷȳёни соли аввали таҳсилро ба муносибати ба сафи донишҷȳёни донишгоҳ шомил гардиданашон муборакбод гуфт ва изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба комил расида дар пешрафт ва рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Ректори донишгоҳ инчунин аз хусуси бештар гардидани талабот ба мутахассисони болаёқат ибрози ақида намуда, толибилмонро ба илмомȳзӣ, донистани якчанд забони хориҷӣ ва дигар донишҳои замонавӣ даъват намуд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, - қайд намуд ȳ толибилмонро зарур аст, ки аз рȳзҳои аввал пурра ба дарсҳо иштирок намуда, қонуну қоидаҳои донишгоҳро риоя намоянд.

Дар донишгоҳ барои донишҷȳён тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, - суханашро давом дода, - гуфт Шарифзода Мумин Машокир. Вале мутаассифона, ҳастанд донишҷȳёне, ки аз ин имкониятҳо истифода набурда, бесабаб дарсшиканӣ мекунанд, ки ин боиси аз донишгоҳ хориҷ шуданашон мегардад. Ректори донишгоҳ аз хусуси донишҷȳёне, ки дар маркази миллии тестӣ холҳои баландро соҳиб гардида, донишҷȳи ДДТТ гардиданд, ёдовар шуда, ҳамзамон нисбати онҳое, ки аллакай ба дарсшикании зиёд роҳ додаанд, бо таассуф изҳори нигаронӣ намуд.

Декани факултети МИБ ва ҳуқуқ, дотсент Шаропов Ф.Р. низ зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрȳз донишгоҳ  тамоми шароитҳоро доро буда, бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо шарофати истиқлолияти кишвар имконияти дар хориҷи мамлакат таҳсил намудан низ ба вуҷуд омадааст. Аз ин рȳ, ҷавонони имрȳзаро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи  дониш ва тахассуси касбӣ кȳшишу заҳмати бештар ба харҷ диҳанд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷȳён билетҳои донишҷȳи супорида шуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top