Курси фосилавӣ дар доираи лоиҳаи Донишгоҳи Марказии Аврупо ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ

Дар донишгоҳ курси кутоҳмуддати фосилавӣ дар мавзӯи «Рушди иқтисодиёту сиёсии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Марказии Аврупо (Будапешт, Ҷумҳурии Венгрия) шурӯъ шуд. Ҷараёни курси мазкур бо забони англисӣ сурат гирифта, аз 20-уми сентябр то 7-уми декабри соли ҷорӣ (ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе) баргузор мегардад. Донишҷȳёни донишгоҳ баъди хатми он соҳиби сертификат мегарданд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек ва Донишгоҳи Гётеи Олмон низ аъзои барномаи мазкур маҳсуб меёбанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top