Курси фосилавӣ дар доираи лоиҳаи Донишгоҳи Марказии Аврупо

Дар донишгоҳ курси кутоҳмуддати фосилавӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Марказии Аврупо (Будапешт, Ҷумҳурии Венгрия) шурӯъ шуд.

Ҷараёни курси мазкур бо забони англисӣ сурат гирифта, аз санаи 20-уми сентябр то 27-уми октябри соли ҷорӣ, ҳар ҳафта рȳзҳои сешанбе ва панҷшанбе дар мавзȳи “Муносибатҳои сиёсӣ-иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ” баргузор мегардад, ки донишҷȳёни донишгоҳ баъди хатми он соҳиби сертификат мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи Пазменияи Венгрия, Донишгоҳи Детроити Парижи Франсия, Донишгоҳи Венаи Австрия, Донишгоҳи техникии Ховари Миёнаи шаҳри Анқараи Туркия, Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ва Донишгоҳи давлатии Белорус низ аъзои барномаи мазкур мебошанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top