Таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо

Яке аз ҳамкорони асосии донишгоҳи мо Донишгоҳи иқтисодии Қарағанда мебошад. Ин донишгоҳ дар давоми солҳои охир ба як донишгоҳи инноватсионӣ мубаддал шудааст.

Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи Иттиҳодияи Матлуботи Қазоқистон соли 1966 ҳамчун донишкадаи кооперативии назди Иттиҳодияи Марказии Матлубот таъсис дода шуда, соли 1997 баъд аз гузаштани акредетатсияи давлатӣ мақоми донишгоҳ ва номи имрӯзаи худро гирифт. Соли 2016 ба таърихи таъсиси донишгоҳ 50 сол пур шуд.

Аз 13-ум то 17-уми сентябри соли равон дар шаҳри Қарағанда чорабиниҳо  ба муносибати ҷашни Донишгоҳи  иқтисодии Қарағанда баргузор шуд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Қазоқистон ва меҳмонон аз хориҷи дуру наздик иштирок намуданд.  Дар семинарии илмие, ки дар донишгоҳ баргузор шуд, олимону муҳаққиқони Қазоқистон, донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия иштирок намуданд ва ба хусус суханрониҳои таҳқиқотчиён аз Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишгоҳи Молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханови шаҳри Москва хеле ғолиб буд.

Дар ин семинар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро мудири кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илми иқтисод, дотсент Исматуллоев И.У.  намояндагӣ кард. Дар давоми ин мусофират алоқаҳои дуҷониба ва заминаҳо барои ҳамкорӣ бо чанд донишгоҳҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия вусъат дода шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top