ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН - ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «10 –ГОНАИ БЕҲТАРИН МАКОТИБИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН-2016»

8 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”  эълон гардид.

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи феврали соли 2016 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”- ро оғоз бахшид. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст гардид. Ҳадаф аз гузаронидани озмун омȳзиши афкори омма, таваҷҷȳҳи онҳо ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф, илм, вусъати ҳамкориҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.  Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рȳи 10 номинатсия баргузор гашта, дар он 26 макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

 Дар рȳзномаҳои “Тоҷикистон”, “Аргументи и факты в Таджикистане”, сомонаи “Tajikistantimes.сom” маводҳои зиёде дар таблиғи дастовардҳои донишгоҳу донишкадаҳои мазкур нашр ва дастраси хонандагон гардид. Мувофиқи пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ҳудуди се миллион  хонандагони дохилӣ ва хориҷи кишвар аз фаъолияти ин донишгоҳҳо огоҳӣ пайдо карданд ва ба ин васила донишгоҳҳои мазкур тарғиб гаштаанд.

Аз рȳи номинатсияи Рақобатпазирии мутахассисон ( талабот ба кадрҳои мактаби олӣ  дар бозори меҳнат) Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шуда, пас аз ҷамъбасти озмун аз рȳи натиҷаҳои муайянгардида донишгоҳ сазовори ҷои панҷум гардид.

 

Ба колективи устодон, кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ ин дастовард туҳфаи навбатӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 

 

Машокиров Ҷ.Н.
Муаллими калони Кафедраи Назарияи иқтисод
Ҳомидов А.Н.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top