Ба ифтихори рȳзи забони давлатӣ

          3-юми октябр дар ДДТТ бахшида ба таҷлили “Рȳзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохȳрии прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Бобозода Гулмаҳмад Нарзулло бо устодону донишҷȳёни донишгоҳ баргузор гардид.

            Вохȳрӣ бо сухани мақаддимавии мудири кафедраи таърих ва филологияи донишгоҳ д.и.т., профессор Баҳром Қурбонов оғоз ёфт. Сипас, Бобозода Гулмаҳмад Нарзулло аз хусуси гиромӣ доштани забони давлатӣ, ки як рукни давлатдорӣ маҳсуб меёбад, риояи қонуну қоида, тарзи гуфтугȳ ва ҳуҷҷатгузорӣ бо ин забон, инчунин роҳҳои инкишофи минбаъдаи он суханронӣ карда, дар баробари ин таъкид намуд, ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбанд, боят ҳамарȳза савияи донишу малака ва маҳорати касбӣ, инчунин маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, пайи ободиву шукуфоии кишвар кȳшиш ба харҷ диҳанд. Ҳар қадар ки таъкид намуд ȳ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон боло равад, ҳамон андоза ҷомеа рушд ёфта, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон бештар мегарданд.

***

            Чунин як вохȳрии судманд 5 – уми октябр бо иштироки муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшоҳ доир гардид, ки дар он ҳайати устодону профессорон ва донишҷȳёни донишгоҳ ширкат доштанд.

            Нахуст С. Матробиён аҳли толорро бо рȳзи забони давлатӣ шодбош гуфта, баъдан фикру мулоҳизаҳояшро роҷеъ ба рушду инкишофи забони модариамон, ки таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад, баён намуд.

С. Матробиён бахусус, аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ ва пойдории он ёдовар шуда, иброз дошт, ки мо ҳамагон бояд дар бобати риояи қонуну қоидаҳои забон, бахусус татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ, роҳҳои дурусту дақиқкоронаи истилоҳсозӣ ва истифодаи бомавқеи муодили калимаҳо, хуллас ҳифзу тозагии забон саҳмгузор бошем. Аҳли толор аз маърȳзаи пурмазмуни устоди кафедраи таърих ва филалогияи донишгоҳ Б. Насириддиниён низ хуб баҳра бардоштанд.

            Дар охири ҷамъомад донишҷȳён Шарифзода Зебо, Маҳмадшариф Муродӣ ва Шаҳло Давлатова порчаҳои шеъриро аз ашъори шоирони муосири тоҷик ва шеърҳои навқаламонаи ба тозагӣ эҷодкардаи худ, ки ба васфи забони модарӣ бахшида шуда буданд, қироат намуданд.

Ш. Раҷабалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top