Баланад аст аз фалақ шаъни муаллим

           1-уми октябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ бахшида ба иди касбии омȳзгорон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки он бо сухани ифтитоҳии ноиби ректор оид ба корҳои таълиму тарбия Файзалӣ Акрамов оғоз ёфт.

           Баъди табрикоти Файзалӣ Маҳрамович ва аз ҷониби ȳ ёдовар шудани заҳматҳои омȳзгор, бахусус устодону профессорони донишгоҳу литсейи назди он, ки саҳмашон дар таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос беназир аст. Маърȳзаи пурмазмуни муаллими калони кафедраи таърих ва филология Фирȳза Сангова шунида шуд, мақбули аҳли толор гардид.

            Сипас барои саҳми муносиб гузоштан дар кори таълиму тарбия ва фаъолияти хуби меҳнатӣ устодону кормандони зерин: Раҷабов Раҷаб, Батракова Ирина, Сȳфиев Маъруф, Латифов Кенҷа, Садиров Нуъмон (аз ДДТТ), Ниёзбекова Гулҷаҳон, Раҳмонова Мунира, Қаюмова Зумратбӣ (аз литсейи назди донишгоҳ) бо ифтихорномаҳои Кумитати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, хȳроки умумӣ, кооператсияи матлубот ва дигар намудҳои соҳибкории            Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

            Барномаи консертии дар сатҳи баланд омодакардаи донишҷȳёни факултаи умури бонкӣ, ки аз шеъру тарона, сурудҳои ҳаҷвӣ ва рақсҳои ҷаззобу дилчасп иборат буда, васфи омȳзгор, Ватан, Модар ва соҳибистиқлолии кишварро тарранум мекарданд, аҳли толорро шоду масрур гардонида, ба онҳо ғизои маънавӣ бахшиданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top