Маҷлиси бонувон ва донишҷȳдухтарон

Санаи 16.09.2016 дар бинои таълимии №7 маҷлиси бонувон ва донишҷȳдухтарони фаоли факултети МИБ ва ҳуқуқ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қодирова Зарина Ҳалимовна, котиби шурои олимони донишгоҳ Маҳсудинова Райҳона ва декани факултети МИБ ва ҳуқуқ дотсент Шаропов Фарҳод Разоқович баргузор гардид.

      Вохȳриро декани факултет дотсент Шаропов Фарҳод ҳусни оғоз бахшида, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тайи 25-соли соҳибистиқлолии мамалакат ба таври мухтасар харф зада, суханро бо камоли эҳтиром ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қодирова Зарина Ҳалимова дод.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top