Вохȳрӣ бо вакили мардумӣ

          17-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохȳрии устодону донишҷȳёни донишгоҳ бо вакили мардумӣ - раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қурбонгул Қурбонмамадова ва ҷонишини раиси ҳукумати ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе Назокат Маҳмадова баргузор гардид.

         Вохȳриро ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тайи 25-соли соҳибистиқлолии мамалакат ба таври мухтасар харф зада, суханро бо камоли эҳтиром ба намояндаи халқ - Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дод. Мавсуф роҷеъ ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, татбиқи амалии онҳо ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ибрози андеша намуда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам дар таъмин ва таҳкими сулҳу суботи мамлакат, пойдору мустаҳкам гардидани Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии ватани азизамон нақши калидӣ бозиданд, маънидод намуд. Вакили мардумӣ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҷавононро, ки воқеан ҳам қувваи бузургу созанда ва ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд, ба ватандȳстӣ, худшиносию ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибватанӣ, сулҳу суботи кишвар ва ташшабускорӣ даъват намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top