ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРИ “ДУРНАМОИИ РУШДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

Саннаи 12 -13 уми моҳи сентябр соли 2016 дар Донишгоҳи Назарбоев, Ҷумҳурии Қазоқистон семинари “Маркази милии таҳлилӣ” дар доираи лоиҳаи тадкиқотии “Дурнамоии рушди Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он Сангинов Фаррух Назруллоевич мудири Маркази таҳсилоти фосилавӣ, Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич муаллими калони кафедраи назарияи иқтисод иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур намояндагон аз давлатҳои Амрико, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок варзиданд. Масоилҳои мухталиф мавриди барасси ва муҳокима қарор гирифтанд:

  • Зарурат, мақсад, вазифаҳо ва методологияи таҳқиқи самтҳои рушди Осиёи Марказӣ;
  • Назарҳои мухталиф оид ба дурнамои рушди минтақаҳои Осиёи Марказӣ то соли 2050;
  • Масъалаҳои бунёдии рушди Осиёи Марказӣ (рушди сармояи инсонӣ, институтсионалӣ, ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ ва ҳамгироӣ);
  • Дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика, истеҳсолот ва хизматрасонӣ.

Инчунин китоби тозанашри олимон Раҷат Наг, Ҷоханнес Лин, Ҳариндер Коҳлӣ бо номи “Осиёи Марказӣ - 2050 имкониятҳои рушди минтақа” муарифи гардид, ки тадқиқоти 7 солаи онҳо мебошад. Китоб дар сатҳи баланди илмӣ тадқиқ гардида, барои омȳзиши Осиёи Марказӣ кȳмаки назаррас хоҳад кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top