Низоми кредитӣ ва рушди ДДТТ дар замони Истиқлолият

«Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар татбиқи низоми кредитӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳи мазкур дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадаанд. Аз ҷумла робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ вусъат ёфта, заминаи моддиву техникии он хеле беҳтар шудааст. Донишгоҳ барои гузаштан ба низоми нав мутахассисони хориҷиро ҷалб карда, ҳамзамон бо ин барои таҷрибаомӯзии устодони донишгоҳ дар дигар кишварҳо имконият пайдо кардааст ва дар натиҷаи ҷорӣ кардани низоми мазкур ба баланд гардидани сифати таълим муваффақ гардидааст».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1 сентябри соли 2009

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои давлату ҳукумат нисбати беҳдошти сифати таълим, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, таъмин намудани донишҷӯён бо технологияи навини компютерӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, мутобиқ намудани ҷараёни таълим ба талаботи байналмилалии таҳсилот талош дорад.  Раёсати донишгоҳ дар амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва куллан беҳтар гардонидани низоми таҳсилот саҳми муносиб мегузорад. Донишгоҳ солҳои охир дар қатори муассисаҳои беҳтарини таҳсилоти олии кишвар шинохта шуд. Низоми кредитии таҳсилот, ки ниёзҳои кунунии тарбияи мутахассисонро вобаста ба талаботи муосири ҷаҳонӣ қаноатманд мегардонад, дар ҷумҳурӣ нахустин шуда, маҳз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайрезӣ гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2009 дар Рӯзи дониш ба донишгоҳ ташриф оварда, бо донишҷӯёни ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мулоқот намуда буданд ва дар баромади хеш ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи низоми кредитӣ баҳои баланд доданд.

Нақши донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисон

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон масъалаи беҳдошти раванди таълиму тарбия, густариши доираҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ривоҷи робитаҳои байналмилалиро меҳвари фаъолияти хеш қарор дода, мутахассисонро вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ тайёр мекунад. Ба туфайли заҳмати софдилонаи устодони донишгоҳ садҳо ҷавонон дониши амиқи бунёдӣ гирифта, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ѓолибан дар соҳаҳои кооператсияи матлубот, низоми бонкӣ, андоз, молия, иқтисод ва тиҷорат кору пайкор доранд. Дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти хеш ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро пеш аз ҳама тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат  неруву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту меҳанпараст,  хушахлоқу бомаърифат, ҷӯяндаву созанда, шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар месозад.

Дар ҷодаи тақвияти пояи моддӣ-техникӣ бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуда, озмоишгоҳҳои ташхиси гумрукӣ, технологияи хӯроки омма, молшиносӣ ва экспертизаи молҳо, ҳамчунин марказҳои таълимӣ, ба монанди бонки таълимӣ, маркази тестӣ иборат аз 100 компютери замонавӣ, маркази лоиҳаҳои инноватсионӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо техникаву технологияи навин ҷиҳозонидашуда, матбааи хурди «Тоҷир», маркази раванди автоматизатсиякунонии ҷараёни таълим ва ѓайра созмон ёфтанд. Дар назди донишгоҳ Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ рӯз то рӯз вусъату густариш меёбанд. Ҳоло донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаҳои таълимии олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Амрико ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар заминаи ҳамкориҳои тарафайни судманд бо мактабҳои олии хориҷӣ чанд нафар кормандону устодони донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, шиносоӣ бо раванди таълим дар донишгоҳҳои Испания, Австрия, Полша, Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон ва ѓайра маҳорату малакаи касбиашонро сайқал дода истодаанд.

Хурсандибахш аст, ки дар ҳаёти донишгоҳ воқеаҳои басо фараҳбахш рух доданд. Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи таҳсилот, хоса низоми нави кредитӣ, тайи солҳои охир донишгоҳ ба гирифтани ҷоизаҳои байналмилалии «Сифати аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо» ноил гардида, ихтисоси 250103 — иқтисодиёти ҷаҳони донишгоҳ дар байни макотиби олии кишвар нахустин шуда соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. Бо боварии том метавон гуфт, ки анъанаҳои навоварӣ дар донишгоҳи мо минбаъд низ роиҷ гашта, мақоми он боз ҳам баланд мегардад.

Фаъолияти илмии донишгоҳ

Тадқиқотҳои илмии устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи 18 мавзӯъ, ки дар Маркази миллии патентию ихтироотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд. Дар донишгоҳ солҳои 2003-2012 Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ фаъолият дошт, ки он вақт зиёда аз 70 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда буданд. Боиси хушнудист, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз моҳи сентябри 2015  дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти унвонҳои илмии номзадӣ ва докторӣ таъсис ёфт ва то имрӯз аллакай  8 нафар устодони ҷавони мо маҳз дар ҳамин Шӯро рисолаҳои номзадии хешро сарбаландона дифоъ намуданд. Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои охир аз зумраи устодони донишгоҳ 70 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи доктории хешро дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ ва берун аз он дифо намуданд. Дар донишгоҳ 15 доктори илм, профессор ва 137 номзади илм, дотсенту муаллими калон фаъолият доранд, ки ин устодони унвондор беш аз 50 фоизи ҳайати профессорону омӯзгоронро ташкил медиҳанд.

Факултетҳо ва литсеи донишгоҳ

Дар донишгоҳ 4 факултет — иқтисодиёт ва менеҷмент, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва ҳуқуқ, тиҷорат ва гумрук, умури бонкӣ  ва шуъбаи омӯзиши ѓоибона фаъолият мекунанд, ки аз рӯи 23 ихтисос ва зерихтисосҳои равияи иқтисодӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура мутахассисон омода мешаванд. Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавист, ки аз 3 бинои чорошёна, китобхона ва ошхона иборат аст. Дар хобгоҳ наздики 600 нафар донишҷӯ, аз ҷумла беш аз 50 нафар духтарон, ҳамчунин 6 нафар омӯзгорони ҷавон истиқомат мекунанд.

 Донишгоҳ дорои литсей ҳам мебошад. Литсей соли 2001 бо тақозои замон аз рӯи равияи фанҳои табии математикӣ ва бо мақсади таъмини низоми бемайлони таҳсилот таъсис ёфта буд, ки ҳоло дар он 41 нафар омӯзгорони ботаҷриба машѓули таълиму тарбияи 530 нафар хонандагон ҳастанд. Толибилмони литсей дар олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ гаштаанд, дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таҳсили худро идома дода истодаанд.

Дарёфти кор дар донишгоҳ

Имрӯз дарёфти ҷойи кор барои хатмкунандагони мо масъалаи хеле муҳим мебошад. Бо мақсади баҳодиҳӣ ва таҳлили ин масъала дар донишгоҳ шуъбаи карйера амал мекунад, ки вазифаи асосии он омӯзиши бозори меҳнат ва кор бо хатмкардагон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 5 соли охир дараҷаи бо кор таъмин шудани хатмкардагони донишгоҳ нисбатан боло рафтааст. Имрӯз хатмкунандагони донишгоҳ дар идораву вазоратҳои мухталиф, бонкҳо, ширкатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд. Бояд қайд кунам, ки қисме аз хатмкунандагон бо роҳхати Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо кор таъмин карда мешаванд. Як қисми хатмкунандагони зинаи бакалавриат бо роҳхати донишгоҳ метавонанд дар зинаи магистратура таҳсили хешро давом диҳанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос нақши босазои худро гузошта истодааст. Фаъолияти донишгоҳ дар даврони истиқлолият собит месозад, ки вай пешомадҳои нек дорад. Боварӣ дорам, ки донишҷӯёну устодони ин махзани дониш баҳри боз ҳам боло бурдани эътибору нуфузи донишгоҳи хеш ва ба яке аз муассисаҳои беҳтарини таҳсилоти олии кишвар табдил ёфтани он кӯшиш менамоянд.

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top