Ташриф бо мақсади ҳамкорӣ

31-уми августи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии аҳли раёсат, устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони Донишкадаи технологияҳои информатсионии КОМСАТС-и Ҷумҳурии Исломии Покистон Тоҳир Наим - директори лоиҳаи рушд ва инкишофи захираҳои инсонӣ (зеҳнӣ) Қайсар Аббос - директори Лаҳор – Кампус дар назди донишгоҳ ва Файзиа Насрин, директори маркази идоракунии таҳсилоти донишгоҳ баргузор гардид.

            Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ ректори ДДТТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмонони гиромиро ба ДДТТ хайрамақдам гуфт. Сипас меҳмонони покистонӣ аз пазироии самимонаи намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва аҳли раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, Донишкадаи технологияҳои информатсионии КОМСАТС-и шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба воситаи навори видеоӣ муаррифӣ намуданд.

            Пас аз тамошои навори видеоӣ ва суханронии намояндаи донишгоҳи мазкур, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба намояндаи расмии Донишкадаи технологияҳои информатсионии КОМСАТС саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Қайсар Аббос ва Тоҳир Наим изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд ҳамкориҳо байни ин ду муассисаи таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top