Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили рушди иқтисодиёт ва таҳсилот»

Рузҳои 2-юм ва 3-юми июни соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиситон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили рушди иқтисодиёт ва таҳсилот» баргузор шуд, ки дар он ба ғайр аз намояндагони макотиби олии кишвар инчунин намояндагони макотиби олии мухталифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷумла Донишгоҳи савдо ва иқтисоди Белорус (ш. Гомел), Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлтаии Павлодари Қазоқистон ба номи С. Тарайгиров, Донишгоҳи «Осиёи» Ҷумҳурии Афғонистон, ки бевосита иштирок доштанд, ичунин аз макотиби олии кишвар, донишкадаю донигоҳҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотҳои гуногуни кишварҳои Русия, Украина, Қазоқистон, Лаҳистон, Белорус  ва Ҷумҳурии Мардмии Чин маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top