Вохӯри бо кормандони Суди шаҳри Душанбе

Санаи 01.06.2016 дар толори конфронси донишгоҳ бо иштироки муовини аввали Раиси Суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., судияҳои Суди ш. Душанбе Ҳасанзода М. Шуҳратзода У., инчунин котибони маҷлиси судӣ  Фарҳодзода Н. ва Насриддинов Б.  бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин дар мавзӯъҳои «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ваҳдати миллӣ»,  «Ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта» баромад намуда, қайд карданд, ки мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо имсол  ҷашнҳои бузурги Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил хоҳад кард. Моро низ месазад, ки дар қатори дигарон барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин ҷашнҳои сиёсӣ саҳми худро бигузорем.

                                                 Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top