75 – солагии шоири муосири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ

Дар санаи 20.05.2016 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент гуруҳи 25010800 «А» - баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит бо сарпарастии Раҳимова Г.Ҳ. дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзȳи «75 – солагии шоири муосири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ» баргузор гардид.

Дар дарси соати тарбиявӣ муовини ректор оид ба иноватсия, дотсент Толибов Қ.Қ., декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дотсент, Мирзоалиев А.А., муовини декан оид ба тарбия Қурбонова С.А., мудири кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» дотсент, Мирзоалиев А.А., муаллимаи калони кафедраи «Таърих ва филология» Сангинова Р., устодон ва дигар донишҷȳёни гурȳҳҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар оғоз сухани ифтитоҳи аз ҷониби сарпарасти гуруҳ Раҳимова Г.Ҳ. ба ҳозирин ироа гардида, оид ба ашъори пурмȳҳтавои шоири муосир ва шоири лирики тоҷик устод Лоиқ Шералӣ аз ҷониби донишҷȳёни гурȳҳ: Додарбеков Саъдӣ, Раҳимов Рамшед, Шарифов Беҳрȳз, Иброҳимова Шаҳноза, Алиев Фараҳманд, Дилрабои Эмомалӣ, Саидзода Насим ва дигар аъзоёни гуруҳ барномаи хуби таълимиву тарбиявӣ бо қироати шеър дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ, ватандȳстӣ ва хештаншиносӣ ба диққати ҳозирин расонида шуд. Дар фарҷоми дарси кушоди тарбиявӣ муаллимаи кафедраи «Таърих ва филология» дотсент Сангинова Р. оид ба ашъори шоири забардаст устод Лоиқ Шералӣ ёдоварӣ намуда, як чанд мисраҳоро бо як самимият қироат намуданд. Сипас муовини ректор оид ба иноватсия Толибов Қ.Қ. дода шуд. Устод Толибов Қ.Қ доир ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, донишҷȳёнро ба роҳи худшиносӣ, ватандȳстӣ ва пос доштани хотираи шоди устод Лоиқ Шералӣ ҳидоят намуданд. Дар фарҷом сухани хотимавӣ ба декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Мирзоалиев А.А. дода шуд. Устод Мирозалиев А.А. ба аҳли нишаст дар бораи дȳст доштани Ватан, пос доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба бузургони илму адаб бахусус шоири лирик ва   муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ, инчунин шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгароӣ суханронӣ намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушоди тарбиявӣ ба сарапарст ва донишҷȳни гуруҳи 25010800 «А»- баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит изҳори миннатдорӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top