НАМОИШНОМАИ «ДОҒИ РȲЗ»

Санаи 14.05.2016 дар донишгоҳ намоишномаи театрӣ бо номи «Доғи рȳз» аз тарафи Театри давлатии драммавии русӣ ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бустон барои устодон ва донишҷȳён дар толори калони донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар оғози намоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонон меҳмононро хуш омадед гуфта, ҳозиринро ба кушодашавии чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи «Тоҷирони ҷовон» муборакбод намуда, дарбораи сиёсати давлату ҳукумати кишвар, бахусус сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат баҷавонон ва дастгирии онҳо, инчунин нақши таълиму тарбия дар раванди ҷаҳонишавӣ, пешгирии ҷавонон ҷиҳати шомил нагардидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, суханронӣ намуда, далелҳои мушаххас оварданд.

Дар намоиши театрикунонидашуда қайд карда шуд, ки имрȳз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундрав бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба доми худ мекашанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони кишвар бинобар паст будани дониши сиёсию ҳуқуқиашон ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанд.

Меҳмононҷавононро ба баланд бардоштани ҳисси ватандȳстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, даъват намуданд.

Дар интиҳо намоишнома аз ҷониби донишҷȳён хуш пазируфта шуда пешниҳод гардид, ки чунин намоишномаҳо пайваста ташкил ва гузаронида шаванд.

       Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top