Ғалабаи навбатии Шоира

Узви дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс (миёни занон), донишҷȳи курси 3 – юми ихтисоси 250104 умури бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шоира Зулқайнарова, ки дар қатори 10 нафар варзишгарони беҳтарини соли 2015-и кишвар шомил гардида буд, ғалабаи навбатӣ ба даст овард. Шоира дар Чемпионати 1 – уми Осиё оид ба бокс байни донишҷȳён, ки аз 1 – ум то 9 – уми майи соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар вазни 75 килограмм сазовори ҷойи якум ва медали тиллоии чемпионат гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 10 кишвари олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Халқии Муғулистон, Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркманистон ширкат варзида, барои соҳиб гардидан ба унвони чемпионӣ мубориза бурданд.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс, барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни занон (шаҳри Уланчаби Ҷумҳурии Мардумии Чин) соли 2015, Шоира Зулқайнарова ду нафар ҳарифи пурқувваташро мағлуб намуда, ба бозии ниҳоӣ (финалӣ) роҳхат гирифт.

Шоира дар давраи ниҳоӣ бо варзишгардухтари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Лайло сабқат намуда пирȳзӣ ба даст овард ва унвони чемпиониро соҳиб гардид.

Раёсати донишгоҳ Шоираро бо ин дастоварди варзишиаш самимона табрик намуда, ȳро бо дастагули тару тоза ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳоло Шоира Зулқайнарова таҳти роҳбарии мураббии варзида Собир Каримов ба бозиҳои чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки 19 – уми майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор хоҳад гашт, омодагӣ дида истодааст. Дар фатҳи қуллаи навбатӣ ба варзишгардухтари тоҷик Шоира Зулқайнарова барору комёбиҳои варзишӣ таманно мекунем.

                                                                   Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top