Вохȳрии Судманд

Санаи 04.05.2016 дар Донишгоҳ вохȳрии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо устодони ҷавон ва донишҷȳёни фаъол доир гардид.

Меҳмонон зимни мулоқот дар бораи сиёсати давлату ҳукумати кишвар, ба хусус сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгирии онҳо, инчунин нақши таълиму тарбия дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пешгирии ҷавонон ҷиҳати шомил нагардидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, суханронӣ намуда, далелҳои мушаххас оварданд.

Дар ҷараёни суханрониҳо қайд карда шуд, ки имрȳз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундрав бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба доми худ мекашанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони кишвар бинобар паст будани дониши сиёсию ҳуқуқиашон ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанд.

Меҳмонон ҷавононро ба баланд бардоштани ҳисси ватандȳстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, даъват намуданд.

Дар интиҳои суҳбат ҷавонони донишгоҳ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, меҳмононро бовар кунонданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда ҳамчун мутахассиси баркамол дар рушду нумуи кишвари азизамон, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, саҳми муносиб мегузоранд.

                   Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top