Озмун-викторина таҳти унвони «Мубоҳисаи назариячиён»

Ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ ва нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» рȳзи 28 апрели соли 2016 бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳ озмун-викторина таҳти унвони «Мубоҳисаи назариячиён» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни озмун донишҷȳёни донишгоҳ аз факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ таҳти унвони «Дипломат», аз факултети Тиҷорат ва гумрук зери унвони «Тоҷир», аз факултети Иқтисодиёт ва менеҷмент зери унвони «Иқтисодчӣ» ва аз факултети Фаъолияти бонкӣ бо номи «Бонкдор» ширкати фаъолона варзиданд.

Озмуни мазкур аз бахшҳои саволҳои назариявӣ, тестҳои озмунӣ, чистонҳои иқтисодӣ ва красворд – ребусҳо иборат буданд.

Дар озмун баҳсҳо оид ба назариявии иқтисодиёт, мушкилотҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ ва инкишофи устувор ҷой доштанд.

Дар баробари ташаккули дастаҳо, доварон ба тамошобинон низ саволҳо пешниҳод намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Дар натиҷаи озмун дастаи «Бонкдор»-и факултети Фаъолияти бонкӣ ҷойи аввал, дастаи «Дипломат»-и факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ – ҷойи дуввум, дастаи «Иқтисодчӣ»-и факултети Иқтисод ва менеҷмент – ҷойи саввум ва дастаи «Тоҷир» бо ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд.

Ғолибонро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шарифзода М.М. табрик намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ сарфароз намуданд.

Профессор Шарифзода М.М. ба ҳамагон барои ташкил ва гузаронидани чунин маҳфили илмӣ-назариявӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани чунин чорабиниҳои баланд бардоштани сифати таълим даъват намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top