Мизи мудаввар дар мавзȳи: Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дурнамо ва имкониятҳои он

25 – уми апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ мулоқоти устодону донишҷȳёни донишгоҳ бо Қурбонов Абдукарим, сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзȳи «Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дурнамо ва имкониятҳои он» баргузор гардид.

Қодирова З.Ҳ., ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳатиа ҳамкориҳои судманд ва анъанавии донишгоҳ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раёсати рушди сайёҳии он суханронӣ карда иброз намуд, ки устодону донишҷȳёни донишгоҳ дар озмуну чорабиниҳои Кумитаи мазкур фаъолона ширкат меварзанд.

Сипас, Қурбонов Абдукарим, сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ҷойҳои таърихию фарҳангии он, расму ойин ва анъанаҳои ғановатманди мардуми тоҷик, фарҳанги вижаи минтақаҳои Бадахшону Зарафшон, Раштону Ҳисор ва Кȳлобу Хуҷанд баромад кард. Ҳамчунин, Қурбонов А. ба ҳозирин навори видеоиро пешниҳод намуд, ки дар он навор оид ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар, тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурии мо, роҳҳи ҳаллу фасли душвориҳои ин соҳа, омода намудани коршиносони арзанда ва муаррифии сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бо шиори «Дȳстиро эҳсос намо!» сухан рафт.

Дар хотимаи ин вохȳрӣ устодону донишҷȳён бо саволу пешинҳодҳои гуногун ба Қурбонов А, сармутахассиси муроҷиат карда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top