Конференсияи илмию назариявии донишҷȳён бахшида ба пешвози «25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кафедраи Назарияи иқтисод

Конференсия дар факултети Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар бахши назарияи иқтисодӣ санаи 26 апрели соли 2016 дар бинои таълимии № 5, синфхонаи 103, соати 1300 оғоз гардид.

Дар ибтидои конференсия мудири кафедра н.и.и., дотсент Юнусова М.М. баромад намуда, ҳозиринро ба ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас барои пурсамар гузаронидани кори конфронс дар бахши назарияи иқтисодӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Кори конференсияи илмӣ-назариявии донишҷȳён бахшида ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, донишҷȳён зери роҳбарии устодони кафедра мақолаҳои худро пешниҳод ва маърȳза намуданд. Бо сабаби зиёд будани маърузачиён, як қисми онҳо ба рȳзи дигар яъне 27 апрел гузаронида мешавад. Умуман, дар конференсия 19 маърȳза пешниҳод гардида, 10 нафараш шунида шуд.

Донишҷȳёни зерин:

1. Маърȳзаи донишҷȳи курси 1, ихтисоси 25.01.03т Туйғунова М. дар мавзȳъи Мавқеи тилло дар иқтисодиёт. Роҳбари илмӣ: профессор Исоматов Б.

2. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 25.01.04.02 Бобоев И. дар мавзȳъи Теория факторов производства: классическая и современный период. Роҳбари илмӣ: н.и.и., дотсент Юнусова М.М.

3. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 25.01.04.02 Қурбонова М. дар мавзȳъи Доход, потребления и сбережения: образования, распределения и использования. Роҳбари илмӣ: н.и.и., дотсент Юнусова М.М.

4. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 40.01.02 Шодмонов М. дар мавзȳъи Имкониятҳои истеҳсолии мамлакат. Роҳбари илмӣ: и.в. дотсент Туйчиқулов З.Ҷ.

5. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 40.01.02 Назарова М. дар мавзȳъи Танзими давлатии иқтисод. Роҳбари илмӣ: и.в. дотсент Туйчиқулов З.Ҷ.

6. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 25.01.07 Холов Ҳ. дар мавзȳъи Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон. Роҳбари илмӣ: муаллими калон Резмонов С.А.

7. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 26.02.02 Меҳрангези Саидаҳмадзода дар мавзȳъи Меъёрҳои муайянкунандаи шакл ва намудҳои нарх дар шароити иқтисодиёти бозорӣ. Роҳбари илмӣ: муаллими калон Машокиров Ҷ.Н.

8. Маърȳзаи донишҷȳи курси 1, ихтисоси 25.11.12 Нуъмонов Меҳрубон дар мавзȳъи Бозори меҳнат ва музди кор. Роҳбари илмӣ: муаллимаи калон Холова Ҳ.Р.

9. Маърȳзаи донишҷȳи курси 1, ихтисоси 25.01.04.02 Нуралиев Вафоҷон дар мавзȳъи Истеҳсолоти молӣ ва пайдошавии пулҳо. Роҳбари илмӣ: муаллимаи калон Холова Ҳ.Р.

10. Маърȳзаи донишҷȳи курси 2, ихтисоси 25.01.08 Одинаев Ҳасаншоҳ дар мавзȳъи Рушди иқтисод: мафҳум ва шаклҳои он. Роҳбари илмӣ: ассистент Зафарҷон Р.

Дар рафти конференсияи илмӣ- назариявии донишҷȳён бевосита устодони кафедра, намояндаи бахши илми донишгоҳ Зубайдов С. ва ҷонишини декани факултаи МИБ ва ҳуқуқ муаллими калон Мирзоев С. иштирок намуданд.


Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top