БАРНОМАИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ДДТТ ДАР БОҒИ «ИРАМ»

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои мактуби муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.03.2016, №25517 дар мувофиқа бо роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2016, №20/81 оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба 25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Боғи «Ирам» санаи 23.04.2016 чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор намуд.

Дар чорабинии зикршуда намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Раёсат, устодон, кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ иштирок намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он аз ҷониби масъулин дастовардҳои донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълиму тарбия Акрамов Ф.М. ҳусни оғоз бахшида, суханро ба муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо дод. Сипас барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи гурȳҳи «Тоҷири Аҷам»-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин ва сокинони пойтахт гардид, ки аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top