Конференсияи илмию назариявии донишҷȳён

25-уми апрели соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияи илмию назариявии донишҷȳён бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурȳъ намуд, ки он то 2-юми май идома хоҳад ёфт.

Ҷаласаи ифтитоҳии конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мȳмин Машокир ҳусни оғоз бахшида, мақсади гузоронидани конфронс ва саҳми онро дар рушди илм ва пешрафти кишвари азизмон баён намуд.

Сипас, профессор Раҷабов Р.К. дар мавзȳи «Рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷȳёни ДДТТ дар замони истиқлолият», Саъдӣ Додарбеков – донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 250108 дар мавзȳи «Мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ (роҳбари илмӣ н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А.), Нурмуҳаммад Мирзоев – донишҷȳи курси 3-юми ихтисоси 250103 дар мавзȳи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ н.и.и., дотсент Ф. Шаропов), Меҳрангез Шарифова – донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси 250107 дар мавзȳи «Таърихи 25 соли босамари истиқлолият» (роҳбари илмӣ, д.и.т., Қурбонов Б.Р.) маърȳзаҳои пурмазмуни илмӣ намуданд.

Баъдан конференсия корашро дар бахшҳо (15 бахш), ки 4-тои он ба факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, 5-то ба факултети иқтисодиёт ва менеҷмент, 4-то ба факултети тиҷорат ва гумрук ва 2-тоаш ба факултети умури бонкӣ рост меоянд, идома дод.

Дар маҷмȳъ 382 адад маърȳзаҳои донишҷȳёни фаъоли донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоханд гирифт.

Тибқи қарори Раёсати донишгоҳ маърȳзаҳои беҳтарин бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, дар китоби маҷмȳи мақолаҳо чоп карда мешаванд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top