Вохȳрии судманди тарбиявӣ дар ДДТТ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш ва ҳисси ватандȳстии донишҷȳён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тарбияи онҳо дар рȳҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтироми қонунгузории амалкунанда ва арзишҳои миллӣ 20 апрели соли 2016 дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохȳрии намояндагони якчанд вазоратҳо ва Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷȳён, омȳзгорон ва кормандони ин муассисаи таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид.Дар ин чорабинии басо судманд сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Б. Каримова, коршиноси ҳуқуқии Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қ. Назаров, сардори шуъбаи тарғибу ташвиқи Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Р. Шарифзода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Афғонов ва сардори Раёсати ташхиси криминалистикаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Т. Муҳаммадизода баромад намуда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Конститутсия, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», зарурати гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ бо мақсади ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати фаъолона ширкат варзидани ҳозирин дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фикру андешаҳои хешро иброз намуданд. Дар охир ректори ДДТТ, профессор М.М. Шарифзода мулоқотро ҷамъбаст намуда, аз иштироки фаъолона ва муташаккилонаи аҳли коллективи донишгоҳ дар Рȳзи райъпурсии умумихалқии 22 май даъват ба амал овард.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top