Мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шарифзода М.М. бо донишҷȳён

Дар таърихи 18-уми апрели соли 2016 дар факултаи Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шарифзода М.М. бо донишҷȳёни ин факултаи мазкур доир гардид. Дар ин мулоқот роҳбари донишгоҳ дар бораи илму маърифат, сиёсати давлату ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, нақши таълиму тарбия дар раванди ҷаҳонишавӣ (глобализация) ва масоили гуногуни замони муосир суханронии пурмазмуну хотирмон кард ва ба пурсишҳои донишҷȳёни факултети мазкур ҷавобҳои қонеъкунанда дод. Зимни суханронии худ ректори донишгоҳ аз донишҷȳён даъват ба амал овард, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намоянд ва фирефтаи тарғибу ташвиқи гурȳҳҳои гуногуни ифродгароии диннию мазҳабӣ нашаванд ва зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top