Мулоқоти аҳли раёсат ва ҳайати профессорону муаллимони донишгоҳ бо намояндагони комиссияи давлатӣ

    Мувофиқи қарори Шȳрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин асос, гурȳҳи корӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, рȳзҳои 13 – 16 апрели соли ҷорӣ татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015» - ро мавриди санҷиш қарор доданд. Гурȳҳи корӣ аз ҳайати зерин иборат буданд:

  1. Оқилзода Нурулло – Вакили Маҷлиси намояндагон, муовини раиси Кумитаи илм маориф фарҳанг ва кор бо ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси гурȳҳи корӣ.
  2. Амонов Илҳом – муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ.
  3. Буриев Носирҷон – корманди масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Гулов Сангин – мудири кафедраи радио – телевизионӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Гурȳҳи корӣ рȳзи 15.04.2016 баъди шиносоӣ аз пояи моддӣ – техникӣ дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо ҳайати профессорону устодони донишгоҳ маҷлис баргузор намуданд. Дар охири маҷлис фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои устодон шунида шуда, аз ҷониби онҳо анкета – пурсишнома гузаронида шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top