60-умин солагарди таъсисёбии Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири шаҳри Новосибирск

8 апрели соли 2016 Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири шаҳри Новосибирски Федератсияи Руссия 60-умин  солагарди таъсисёбии  худро таҷлил кард, ки дар он  ҷонишини мудири шуъбаи омӯзиши ғоибона Сиёвуш Наботов, ки хатмкардаи  ҳамин донишгоҳ мебошад,  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро намояндагӣ карда, туҳфаи хотиравиро аз номи роҳбарият ва ҳайати устодони донишгоҳ супорид.
Донишгоҳи мазкур аз соли 1987 филиали худро дар Тоҷикистонро ҳамчун донишкадаи кооперативӣ ташкил намуда буд, ки аз соли 2000 мақоми донишгоҳро гирифт. Ҳамакнун онро дар симои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон мешиносанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top