Семинари минтақавӣ дар шаҳри Бишкек

Дар доираи Барномаи мусоидат дар идоракунии  сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 9) 5-6 апрели соли 2016 дар шаҳри Бишкек Ҷумҳурии Қирғизистон семинари минтақавии таҳияи низоми ягонаи таълим дар соҳаи гумрук баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки мутахасиссонро дар самти соҳаи гумрук тайёр менамоянд иштирок намуданд. Мақсади асосии гузаронидани семинари мазкур, шиносоӣ бо низоми таълим дар макотибҳои олӣ ва касбии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи гумрук дар бар мегирифт. Дар семинарии мазкур мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук Ҷабборов А.И. дар семинар иштирок намуда, оиди фаъолияти донишгоҳ ва низоми таълим дар самти таёр намудани муттахасисони ихтисоси 96010100- фаъолияти гумрукро муаррифӣ намуд. Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинӣ инчунин намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ иштирок доштанд ва тамоми хароҷоти сафар аз ҳисоби Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадотӣ дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 9) пардохт карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top