Вохȳрии раиси ноҳияи Ашт бо донишҷȳён

Рȳзи 6-уми апрели соли 2016 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохȳрии раиси ноҳияи Ашт мȳҳтарам Азимбой Азизӣ бо донишҷȳёне, ки аз ин ноҳия дар мактабҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М. М. ҳусни оғоз ёфт.
Раиси ноҳияи Ашт мȳҳтарам Азимбой Азизӣ ба донишҷȳёни ин ноҳия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мȳҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, ҷангҳову зиддиятҳои мухталиф дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон, гаравидани ҷавонон ба равияву созмонҳои террористиву ифродгароӣ, зиракиву маърифати сиёсӣ доштан сухан кард ва аз ҷавонону донишҷȳён даъват кард, ки хубу аъло таҳсил намуда, соҳиби касбу мутахассиси варзида шаванд ва ба кишвари азизи худ – Тоҷикистони озоду обод хизмат намоянд. Сипас донишҷȳён ба раиси ноҳия бо саволҳои гуногун муроҷиат карданд ва посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top