Наврȳз рамзи шукуфоии олам ва бахту саодати одам аст!

Наврȳзи бостонӣ суроғаи таърихи пурғановати мо буда, қамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии мардуми тоҷик омезиш ёфтааст.      Эмомалӣ Раҳмон

Омодагии хуби ҳайати устодону профессорон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Наврȳзи оламафрȳз, имкондод, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронида шавад.  

18-уми март тамоми донишгоҳ ва литсейи назди онро фазои идона фаро гирифта буд. Садои карнаю сурнай, дафу чанг ва дигар асбобҳои мусиқӣ баатроф танинандоз гардида, аз омадани фасли баҳору Наврȳзи хуҷастапай ва шодию нишоти устодону донишҷȳён ва меҳмонон дарак медод.

Дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи факултаҳои донишгоҳ, литсейи он ва дастархонҳои наврȳзии дар асоси тамоми расму ойин ва анъанаҳои миллии ниёгонамон ороста, аз ҷумла "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин" диққати меҳмонону иштирокдорони базмро ба худ ҷалб намуд.


Баъди аз назаргузаронии дастовардҳои донишгоҳ қисми расмии ҷашнвора шурȳъ гардид, ки онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Мȳмин Шарипов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва тамоми иштирокчиёни ҷашнвораро хайрамақдам гуфта, меҳмонон – корманди масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбой Самадов, шоири машҳури форсизабон, истиқоматкунандаи шаҳри Сан-Франсискои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муаллифи шеъри "Ман ориёиам" Масъуди Сипанд, ки дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврȳз ба Тоҷикистон омадааст, намояндагони Донишкадаи шаҳри Томски Федератсияи Россия Кардилян Галина Викторовна ва Майорова Елена Ивановна, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидалӣ Асоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Амирбекзодаро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, хайрамақдам гуфт.
Сипас ба чанде аз устодону кормандон ва донишҷȳёни фаъоли донишгоҳ шаҳодатномаҳои "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Қукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишгоҳ супорида шуданд.
Барномаи консертии омодакардаи дастаи ҳунарии  "Тоҷири Аҷам"-и донишгоҳ, аз ҷумла сурудҳои  "Марҳабо Наврȳзи истиқлол", "Хушомадӣ Наврȳзи ман", "Ҷȳраҷон", саҳначаи ҳаҷвии  "Домоди замонавӣ" ва рақсҳои ҷаззобу дилчасп, ки бо ҳунару истеъдоди баланд иҷро карда шуданд, табъи иштирокчиёни чорабиниро хушу гуворо гардониданд. Бахусус, суруди умумии  "Наврȳз шуд ҷаҳонӣ", ки бо нақароти:

Эй насли ориёӣ,
Наврȳз шуд ҷаҳонӣ.
Бо сози хусравонӣ,
Наврȳз шуд ҷаҳонӣ.
Хушсадо дод, дилҳоро тасхир карда, то дер дар хотири аҳли толор хоҳад монд.
Дар хотимаи ҷашни байналмилалии Наврȳз ректори донишгоҳ, профессор Шарипов М.М. бори дигар Наврȳзи оламафрȳзро ба ҳамагон табрик гуфта, ба меҳмонон ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос намуда, қудуми мубораки Наврȳзи имсоларо, ки ба 25-мин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон рост омад, дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз нек ва пурфайз арзёбӣ кард.

Маълумоти пурраро оиди ҷашни Наврȳз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз нашрияи ТОҶИР дастрас намоед.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top