Мизи мудаввар

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ягонаи Шȳрои мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавоони муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзȳи "Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" баргузоргардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва олимони ҷавон, магистрантҳо ва донишҷȳёни фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии рек тори донишгоҳ, профессор ШариповМ.М. оғозёфт. Сипас, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ҷиҳати амалисозии нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброздошт, ки дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top