Озмуни «Шеъру таронахонӣ дар васфи Модар, Баҳор, Ҳаёт ва Ишқ» дар донишгоҳ

Санаи 2 марти соли 2016 дар толори асосии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнию фарҳангӣ, аз бар намудани ашъори пурғановати адибони тоҷик ва бар ин васила таҷассуми бузургии зан-модар, озмуни «Шеъру таронахонӣ дар васфи Модар, Баҳор, Ҳаёт ва Ишқ» баргузор гардид, ки дар он донишҷȳён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ш. Душанбе ва донишҷȳёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷумла донишҷȳи курси 3, ихтисоси 250108- Додарбеков Саъди ва донишҷȳи курси 2, ихтисоси 250103 - Дилоева Мадина иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳ, Сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумита АҳмадзодаД. иштирок ва суханрони намуданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба таълиму тарбия Акрамов Ф.М. ҳусни оғоз баҳшида меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хайрамақдам намуд. Натиҷаи ҷамъбастии озмун санаи 04.03.2016 дар маркази ҷавонон «Ориёно» бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. муаян гардида ғолибон бо тȳҳфаҳои Кумита қадрдонӣ карда мешавад.
                                                 

Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top